Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи як санҷиш маълум шудааст, ки ҳар як ҳоҷии даҳум дар Тоҷикистон баъди бозгашт аз макони муқаддаси мусалмонҳо зери чатри “хатнасур” ба мардум зиёфат дода, бо ин амали худ қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллиро нақз кардааст. Санҷиши махсуси масъулони Кумитаи дин дар тамоми манотиқи Тоҷикистон анҷом шудааст.

Соҳибони маъракаҳо дар айни хушҳолӣ ё баръакс, андӯҳу ғам, ногаҳон бо комиссиюни назоратӣ рӯбарӯ мешаванд, ки онҳоро дар нақзи қонун айбдор ва ба пардохти ҷарима водор мекунанд.

Масъулон аз 6 ҳазор ҳоҷии баргашта ба хонаи 800 нафари онҳо “меҳмон” шуда, маълум кардаанд, ки 88 нафари онҳо ин маросими мамнӯъро зери номи “хатнасур” анҷом додаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 2008 баргузории маросими суннатӣ маҳдуд шуда, ҳадафаш, ба қавли мақомот – кам кардани хароҷоти мардум аст.

Фарухуллоҳ Олимзода, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни як санҷиш маълум шуд, ки сокинон баъди бозгашт аз зиёрати Каъба аз бахшҳои ин кумита дар маҳалҳо барои баргузории хатнатӯй тавсиянома гирифта, дар асл маросими мамнӯи “Ҳоҷиошӣ” ташкил кардаанд. Бар асоси қонун дар як доираи маҳдуд баргузории “хатнатӯй” дар Тоҷикистон иҷоза ҳаст, аммо баргузории маросими “Ҳоҷиошӣ” ва “Ҳоҷиталбон” комилан мамнӯъст.

Навор аз бойгонӣ:

“Ҳоҷиошӣ” ё “Ҳоҷиталбон”-ро сокинон пас аз бозгашт аз тавофи Каъба барои наздикони худ бо пӯхтани ғизо анҷом медиҳанд. Ин маъракаро ҳамчун як маросими пурхарҷ ва барзиёни худи сокинон қонунгузорӣ манъ кардааст. Фарухуллоҳ Олимзода мегӯяд, бархе аз намояндагони онҳо дар маҳалҳо, ки аслан ба ҳукуматҳои маҳаллӣ итоат мекунанд, дар ин қонуншиканиҳо ва тақаллубкорӣ даст доштаанд.

«Бархеи онҳо аз ин кор огоҳ буда, аммо чашмпӯшӣ кардаанд. Мо аз болои намояндаҳои худ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар шикоят кардем, вале нисбат ба ҳоҷиёни қонуншикан мавод омода карда, ба додгоҳ фиристодем», - гуфт Олимзода.

“Ҳоҷиошӣ”-и масъули бахши танзим дар Ҷайҳун

Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ҳатто дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) раҳбари Шӯъбаи бахши дин ва танзими ҷашну маросим ҳангоми бозгашти падараш аз зиёрати ҳаҷ чунин маросимро баргузор кардааст. Тибқи иттилои Кумита Ҷамолиддин Камолов, намояндаи ин ниҳод дар ноҳияи Ҷайҳун дар рӯзи корӣ бо даъвати сокинони зиёд ва додани ду навъи таом “қонунро нақз карда, шаъну шарафи хизматчии давлатиро паст задааст.”

Аз рӯи қонуни танзими анъанаҳо, дар як арӯсӣ на бештар аз 150 меҳмон ҳақи ширкат карданро дорад

Аз рӯи қонуни танзими анъанаҳо, дар як арӯсӣ на бештар аз 150 меҳмон ҳақи ширкат карданро дорад

Ҷамолиддин Камолов, мудири бахши дин ва танзими маросим дар ноҳияи Ҷайҳун, 14 ноябр дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ кори баде анҷом надодааст, аммо ҳоло наметавонад, дар ин мавзӯъ тафсилот диҳад. Хушрафтор Латифова, муовини бахши корҳои идеологии ин ноҳия гуфт, ин масъаларо худи онҳо месанҷанд ва аз натиҷааш хабар медиҳанд.

Сокинони Тоҷикистон дар замони андӯҳу нишот даҳҳо маросим доранд, ки ҳамаи онҳо бо харҷи пулӣ сурат мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо ҷилавгирӣ аз анъанаҳои баргузории бархе маросим мехоҳад, фарҳанги танзими анъанаро дар зеҳнҳо ҷой кунанд ва хароҷоти беҳударо низ аз байн бибаранд.

“Қонуни танзим ба камбағал баҳона дод”

Фатҳулло Комилов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, талошҳои ҳукумат барои танзими ҷашну маросим на дар ҳама самт натиҷа додааст. Ӯ мегӯяд, маросиме нест, ки дар Тоҷикистон бидуни ғизо хӯрдан поён ёбад. Ҳатто сокинон дар маросими азодорӣ низ ба сокинони зиёд таом медиҳанд, ки ин харҷи зиёдро талаб мекунад.

«Баргузории маросимҳо кам нашудааст. Ҳоло ҳам сокинон онро анҷом медиҳанд, вале як натиҷаи хуби ин қонун дар он буд, ки ба мардуми камбағал баҳона дод. Пештар сокинони нодор аз ҷомеа қафо намонам гуфта, маросими худро мисли мардуми доро мекард, ки баъдан солҳо қарз меканд. Ҳоло касеро зӯраш нарасад, мегӯяд, танзим ҷарима мекунад ва барои ҳамин одами зиёд даъват накарду хӯрокҳои зиёд напӯхт», - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, барои бисёриҳо дар Тоҷикистон шеваи назорати иҷрои қонуни танзим дар ин солҳо чандон хушоянд набудааст. Мардуми маъракадор дар айни хушҳолӣ ё баръакс, андӯҳу ғам, ногаҳон бо комиссиюни назоратӣ рӯбарӯ мешаванд, ки онҳоро дар нақзи қонун айбдор ва ба пардохти ҷарима водор мекунанд.

“Табъи кас аз ин чиз талх мешавад ва агар ғам дошта бошӣ, аз ноодамгарии онҳо дар ҳайрат мемонӣ”, - гуфт як мусоҳиби Радиои Озодӣ. Қонуни танзими расму оин на танҳо шумори маъракаҳои мардумиро маҳдуд карда, шумори меҳмонони даъватӣ ба ин маросимро ҳам мушаххас кардааст. Дар бархе ҳолатҳо, хонаводаҳои маъракадор ба хотири наранҷодани дили наздикону меҳмононашон маъракаҳоро аз як – ба ду-се бор тақсим карда, зери чатри номҳои мухталиф, мисли «хатнасур»-и ҳоҷиён онҳоро баргузор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG