Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олудагии аз ҳад беши ҳаво дари мактабҳои Теҳронро баст


Бинобар сатҳи хатарноки олудагии ҳаво мақомоти Теҳрон рӯзи 14 ноябр таҳсилро дар мактабҳо қатъ карданд. Хабаргузории IRNA бо такя ба вазорати маорифи Эрон мегӯяд, "боғчаҳои бачагона ва мактабҳои ибтидоӣ рӯзи душанбе дар Теҳрон ва бахши умдаи шаҳрҳои вилоят баста шуданд."

Ғубори ғафс рӯзи 13 ноябр Теҳронро фаро гирифт ва бисёре аз сокинони 14 миллионнафариашро маҷбур кард, ки аз хона берун наоянд. Мақомот маҳдудияти ҳаракати нақлиётро дар баъзе бахшҳои шаҳр нигаҳ доштанд ва дар мантиқи олудаву серодам мошинҳои ёрии таъҷилиро ба навбатдорӣ сафарбар карданд. Бинобар хабари маркази обуҳавосанҷии Эрон, интизор меравад, олудагии сангини ҳаво то 16 ноябр идома кунад ва баъдан дар пайи вазидани бод пароканда шавад. Теҳрон дар қатори пойтахтҳои ҷаҳон аст, ки ҳавои бисёр олуда дорад.

XS
SM
MD
LG