Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд аз созиши марзӣ бо Қирғизистон хабар медиҳад


Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар мавриди минтақаҳои баҳсии марзӣ бо Қирғизистон ба созиш расидаанд. Аз 8 то 13 ноябр дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон гуруҳии кории Қирғизистону Ӯзбекистон мулоқот ва масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ кардаанд.

Гуруҳҳои корӣ 14 қитъаи баҳсиро дар вилоятҳои Ботканд, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон ва аз сӯи дигар дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ташхис гузаронидаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар мавриди ҳамаи қитъаҳо ба созиш расидаанд.

Масоҳати умумии марзи Ӯзбекистону Қирғизистон 1378 километрро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоб 320 километраш ҳанӯз дақиқ ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ байни сокинони ду тараф сари чанд вақт ҷанҷол сар мезанад.

Шуруъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ Ӯзбекистону Қирғизистон барои ҳалли ин баҳсҳо талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG