Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаҳои боздоштшудаи ОМ дар кишварҳояшон низ ҷустуҷӯ мешуданд


Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ахири ҳафтаи гузашта аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Москва ва Санкт-Петербург дастгир шуданд, қасди сафар ба Сурияро доштаанд.

Ба гуфтаи манбаи нашрияи "Коммерсант", ин афрод тундрави мазҳабӣ набудаанд ва танҳо ба хотири фирор аз ҷавобгариҳои ҷиноӣ дар ватанашон мехостанд, ба сафи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" пайванданд.

Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбеи гузашта кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия як гуруҳи муташаккил аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боздошт карданд, ки барои иҷрои силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Москва ва Санкт-Петербург бо истифода аз силоҳ ва маводи тарканда омодагӣ медиданд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили гумонбарон силоҳи Калашников ва чаҳор бомбаи худсохт мусодира шудааст.

Тавре маълум шуд, 7 аъзои гуруҳро дар Санкт-Петербург боздошт кардаанд. Онҳо дар манзили иҷорае, воқеъ дар хиёбони Софя Ковалевская зиндагӣ ва ба ҳайси ронандаву муҳофиз дар шаҳр кор карда, бо ҳамватанони худ дар яке аз клубҳои шабона мулоқот мекардаанд.

Ба гуфтаи манбаи "Коммерсант" дар ҷамъияти зодаҳои Осиёи Марказӣ, се тани дигаре, ки дар Москва боздошт шуданд, манзилеро дар минтақаи Дегунино ба иҷора гирифта, дар фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмонии назди метрои "Румянтсево" кор мекардаанд.

Манбаи нашрия афзудааст, ки ҳамаи дастгиршудаҳо аз сӯи мақомоти кишварашон ҷустуҷӯ ва зидди се танашон бо айби пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ парванда боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG