Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии номзади тарафдори Русия дар интихоботи Булғористон


Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Булғористон Румен Радев, номзади русиягаро аз ҳизби Сотсиалистӣ пешсаф шудааст.

Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихоботи Булғористон, баъди шумориши беш аз 99 дар сади баргаҳои раъй маълум мешавад, ки беш аз 59 дар сад ба тарафдории Радев овоз додаанд. Рақиби ӯ - раиси порлумон Тсеска Тсачева, ки аз ҳизби ҳокими "Шаҳрвандон барои рушди аврупоии Булғористон" намояндагӣ мекунад, каме бештар аз 36 дар сади раъйҳоро ба даст овард.

Пештар аз ин нахуствазири Булғористон Бойко Борисов баъди эълони натоиҷи "экзит-пол", ё натоиҷи ғайрирасмии интихобот аз мақомаш истеъфо дод.

Генерали собиқи нерӯҳои ҳавоӣ Румен Радев аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия тарафдорӣ мекунад ва ба сиёсати муҳоҷирати Иттиҳодияи Аврупо мухолифат дорад.

XS
SM
MD
LG