Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райнс Прибус раҳбари дастгоҳи Доналд Трамп шуд


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп гуфт, ки раҳбари феълии Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ Райн Прибусро раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъин мекунад. Мушовири аршади Трамп дар мақоми президент, политехнолог Стивен Беннон мешавад, ки ба ситоди пешазинтихоботии Трамп раҳбарӣ мекард.

Президенти мунтахаб дар изҳороти худ Прибус ва Беннонро ҳамчун мутахасисони баландихтисос тавсиф кард. Бино ба иттилои Би-би-сӣ, Прибуси 44-сола дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ҳамчун ҳалқаи пайванди байни ситоди Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ фаъолият кардааст. Прибус, вакили мудофеъ ва сиёсатмадори Ҳизби ҷумҳурихоҳ, солҳои ахир ба Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ раҳбарӣ мекард. Ӯ дар интихоб шудани чеҳраҳои шинохтаи сиёсии кишвар дар сохторҳои қонунгузори давлатӣ ва маҳаллӣ мусоидат кардааст. Раиси Палатаи намояндагони Амрико, Пол Райан яке аз онҳост.

Стивен Беннон, ки акнун дар нақши мушовири аршади Трамп фаъолият хоҳад кард, дар соҳаи мудирияти васоити ахбори омма, радиожурналистика, коргардони синамо ва дар гузашта мутахассиси варзидаи сармоягузории бонкӣ таҷриба андӯхтааст.

Президенти мунтахаб бояд маъмурияти худро ду моҳ пеш аз маросими савганд, ки 20 январи соли 2017 баргузор мешавад, таъсис диҳад.

XS
SM
MD
LG