Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова: Додон дар интихоботи президентӣ пешсаф аст


Дар интихоботи президентии Молдова раҳбари Ҳизби сотсиалист Игор Додон аксари раъйро ба даст овардааст. Беш аз 52 дар сади иштирокдорони интихобот ба тарафдорӣ аз Додон овоз додаанд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, рақиби Додон, раҳбари Ҳизби ҳамраъйии Молдова Майя Санду наздик ба 47 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. То ин лаҳза беш аз 99 дар сади варақаҳои овоздиҳӣ шумурда шудаанд.

Игор Додон қавл додааст, ки дар сурати пирӯзӣ шарикии стратегӣ бо Русияро барқарор хоҳад кард. Майя Санду аз таҳкими равобит бо Руминия, Украина ва кишварҳои ғарбӣ, бо ҳифзи равобити бе низоъ бо Русия пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG