Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Путин аз таъсиси гуруҳи муттаҳидаи низомӣ дар Арманистон


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз пешниҳоди ҳукуматаш дар бораи таъсиси гурӯҳи муттаҳидаи низомии Русия дар Арманистон пуштибонӣ кард. Пеш аз ин, хабаргузории "Интерфакс" дар бораи барномаи таъсиси гурӯҳ, ки ҳамчунин дар таҳкими марзи байни Русияву Арманистон масъул хоҳад буд, хабар дод.

Авохири моҳи июл дар бораи оғози интиқоли силоҳ ба Арманистон хабар пахш шуд. Ҳамон вақт порлумон аз таъсиси сохтори муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ пуштибонӣ кард.

Дар Арманистон пойгоҳи 102-и Русия дар Гюрми, дувумин шаҳри бузурги Арманистон, мустақар аст. Ин пойгоҳ ба сохтори ягонаи нерӯҳои зиддиҳавоии Ҷомеаи муштаракулманофеъ шомил буда, аз сохтори зиддиҳавоии С-300 бархӯрдор аст.

XS
SM
MD
LG