Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Андиҷон шиносномаҳои дуздидашударо меҷӯянд


Дар Андиҷони Узбакистон садҳо низомӣ шиносномаву ҳуҷҷатҳои махфиеро мекобанд, ки аз мошини "Дамас"-и як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Балчикчии ин вилоят дуздида шудаанд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, оби рӯдхонаи Андиҷон, ки баъзеи шиносномаҳоро аз он пайдо кардаанд, баста шуда, сарбозон дохили рӯдхонаро ҷустуҷӯ доранд.

Як фаъол аз деҳаи "Алимбек"-и ноҳияи Балчикчи мегӯяд, 11 ноябр аз қисмати рӯдхонаи Андиҷон, ки тариқи деҳаи "Ғайрат" мегузарад, 5-6 шиносномаи биометрии дуздидашуда пайдо шудааст. "Нозирони БДА ҳамаи мошинҳоро боз медоранд ва тафтиш мекунанд", - афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳокимияти ноҳияи Балчикчи гуфт, аз дохили мошини мазкур на танҳо шиносномаю аснод, балки таҷҳизоти техникии гаронарзиш барои таҳияи шиносномаҳои биометрӣ низ дуздида шудааст. Ба назари ӯ, маҳз барои ин садҳо низомӣ сафарбар шудаанд. Вале ин иттилоъ тасдиқи худро мехоҳад.

Бар пояи маълумоти дарёфтӣ, шахси номаълуме аз дохили мошини "Дамас", ки дар рӯбарӯи бинои РКД қарор дошт, чанд шиносномаи биометрӣ ва асноди махфиро дуздидааст. Мошини мазкур ба корманде тааллуқ доштааст, ки ҳуҷҷатҳоро дар навоҳии Андиҷон тақсим мекардааст. Шиносномаҳоро баъди ворид шудани ӯ ба бинои РКД дуздидаанд.

XS
SM
MD
LG