Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"НАТО тиҷорат нест". Таъкиди вазири дифои Олмон ба Трамп


Урсула фон дер Ляйен, вазири дифои Олмон аз президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп даъват кардааст, ки нисбат ба Русия мавқеи устуворе дошта бошад. Дар ин бора вай рӯзи 10 ноябр дар мусоҳибаи телевизионӣ изҳори назар кардааст. "Трамп бояд ошкоро изҳор дорад, ки дар кадом сангар аст: дар сангари қонун, суботи ҷаҳон ва демократия ва ё барои ӯ ин чизҳо беарзишанду танҳо дӯстии мардона бартарӣ медиҳад", - афзудааст вазири дифои Олмон. Вай ҳамчунин гуфтааст, дар муколама бо Путин набояд дар бораи ғасби Қрим ва бомбаборони Ҳалаб фаромӯш кард.

Ба ҷуз ин, фон дер Ляйен аз Трамп даъват кардааст, ба НАТО ҳамчун ба тиҷорат муносибат накунад. "Ин корхона нест. Ин он ҳолате нест, ки бигӯӣ: гузашта маро ба ташвиш намеорад. Арзишҳое, ки мо муаррифӣ мекунем, барои ман ҳам муҳим нестанд, барои ман ҷолиб он аст, ки аз ин доду гирифт чи қадар пул даромад мекунам. Бо ин роҳ кишварро идора намекунанд ва ин арзишҳои НАТО нест", - афзудааст вай.

XS
SM
MD
LG