Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ узрхоҳии Трампро тақозо кард


Оятуллоҳ Аҳмад Ҳотамӣ
Оятуллоҳ Аҳмад Ҳотамӣ

Яке аз роҳбарони руҳонии Эрон Оятулло Аҳмад Хотамӣ аз президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп хост, ки барои "террорист" номидани эрониҳо узрхоҳӣ кунад. Ахиран хабар расид, ки баъди савгандёдкунии Трамп созишномаи ядроӣ бо Теҳрон бозбинӣ хоҳад шуд. Рӯзи ҷумъа намояндаи Департаменти давлатии Амрико Марк Тонер гуфт, Вашингтон дар баробари ин созиш ҳеҷ уҳдадории ҳуқуқие надорад.

Ба гуфтаи Тонер, Трамп метавонад на танҳо аз иҷрои созишнома даст кашад, балки фармони Барак Обамаро дар бораи сабуксозии таҳримҳои иқтисодии Эрон бекор кунад. Моҳи марти соли ҷорӣ Трамп дар маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиаш Эронро барои пуштибонӣ аз терроризм ва таҳдид ба Исроил айбдор карда буд. Трамп гуфта буд, дар сурати пирӯзиаш зидди Теҳрон иқдом мекунад.

XS
SM
MD
LG