Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон дар шикасташ раиси FBI-ро айбдор кард


Ҳилларӣ Клинтон раиси FBI – Бюрои федеролии тафтишоти Амрико Ҷеймз Комиро дар шикасташ дар интихоботи президентии 8 ноябр айбдор кард. Вай гуфт, тасмими Коми барои азсаргирии таҳқиқи имейлҳо ва истифода аз сервери шахсии Клинтон ба ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таъсир гузоштааст. Таҳқиқи дигарбораи истифодаи сервери хусусӣ барои мукотибаи давлатӣ аз тарафи Ҳилларӣ Клинтон чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико сурат гирифт. Баъдан FBI эълон кард, ки ҷурмеро дар заминаи бархӯрди нодуруст бо асрори давлатӣ ошкор накард ва аз боз намудани параванда алайҳи ӯ даст кашид. Бюрои федеролии тафтишоти Амрико моҳи июл низ қазияи номаҳои Ҳилларӣ Клинтонро баста буд.

XS
SM
MD
LG