Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон - 12-уми ноябр, ки дар шаҳри Софияи Булғористон ҷараён дорад, боз як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамроз Раҷабов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило мақоми севумро соҳиб шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Олег Бабгоев (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ливон Нахутсришвили (Гурҷистон) ғолиб шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд.

Вале дар рӯзи дуюми мусобиқа гуштигирони тоҷик Акмалиддин Каримов (-57 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) дар сабқати самбои варзишӣ барои ҷойҳои сеюм аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 13-уми ноябр – боз ду гуштигири тоҷик -Хушқадам Хусравов (-62 кг) ва Зафар Олимшоев (-82 кг) - барои медалҳо мубориза мебаранд. Онҳо дар мусобиқа оид ба самбои варзишӣ иштирок мекунанд. Хусравов дар даври аввал бо Звиади Одошашвили (Гурҷистон) қувваозмоӣ менамояд. Ғолиби ин сабқат дар даври баъдӣ бо Иля Хлябов (Русия) вориди рақобат мешавад. Олимшоев бошад, сабқатро аз даври дуюм шуруъ мекунад. Рақиби ӯ ғолиби ҷуфти Пабло Замора (Швейтсария)/Давид Григорян (Арманистон) мебошад.

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Булғористон рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр барпо гардид, дар риштаи самбои варзишӣ бо ду медал сарфароз гаштанд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни то 52 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуднд.

Вале дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари тоҷик Мустафо Ҳасанов (-68 кг) бе медал монд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, аз шаҳри София рӯзи 13-уми ноябр хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доранд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштаанд. Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

57 кг
1. Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон)
2. Ерболат Бойботиров (Қазоқистон)
3. Аймерген Аткунов (Русия)
3. Максим Манукян (Aрманистон)

74 кг
1. Олег Бабгоев (Русия)
2. Ливон Нахутсришвили (Гурҷистон)
3. Степан Попов (Bеларус)
3. Ҳамроз Раҷабов (Tоҷикистон)

100 кг
1. Вячеслав Михайлин (Русия)
2. Андрей Казюсионак (Беларус)
3. Давид Лориашвили (Гурҷистон)
3. Викторс Реско (Латвия)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG