Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи ДИИШ ба хонақоҳи сӯфиён 50 кас кушта шуд


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти инфиҷори маргбори рӯзи шанбе дар хонақоҳи сӯфиён, дар ҷануби ғарби Покистонро бар ӯҳда гирифт. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, омори кушташудаҳо дар ин инфиҷор ба дастикам 50 нафар ва захмиҳо ба беш аз 100 нафар расидааст. Пеш аз инфиҷор рӯзи шанбе садҳо тан барои рақси самоъ дар ин хонақоҳ гирд омада буданд. Минтақаи Балуҷистони Покистон, ки ин хонақоҳ дар ҳудудаш воқеъ аст, имсол шоҳиди бархе аз хунинтарин ҳамлаҳо будааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пештар низ як ҳамлаи ба ин монандро дар ин минтақа анҷом дода буд. ДИИШ ва дигар исломгароёни тундрав сӯфигариро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG