Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи қонунгузорони Русия ба Эрон мераванд


Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко

Як ҳайати қонунгузорони Русия рӯзи якшанбе барои дидори расмӣ ба Теҳрон сафар мекунанд. Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Валентина Матвиенко – раиси Шӯрои федератсияи Русия – дар раъси ин ҳайат ба Эрон хоҳад рафт. Қарор аст, қонунгузорони Русия дар ҷараёни сафари дурӯза бо мақомҳои Эрон, аз ҷумла раиси Маҷлис Алии Лориҷонӣ дидор кунанд. Ба қавли Матвиенко, амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва тақвияти робитаҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи масоилест, ки ду тараф ба он хоҳанд пардохт. Равобити Теҳрону Маскав дар солҳои охир таҳким ёфтааст. Ду кишвар дар бораи ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури феълии Сурия, низ мавқеи яксон доранд.

XS
SM
MD
LG