Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти даҳ зодаи Осиёи Марказӣ ба гумони терроризм


Мақомоти амниятии Русия аз боздошти 10 зодаи Осиёи Марказӣ дар Маскаву Санкт-Петербург хабар доданд. ФСБ – Хадамоти федеролии амният – гуфт, ин афрод рӯзи 12 ноябр дар амалиёти муштараки нерӯҳои Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон дастгир шуда, нақшаи ҳамла дар ду шаҳри бузурги Русияро доштанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, боздоштшудаҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буда, аз маҳалли зисти онҳо силоҳу дастгоҳи мухобиротӣ ва чаҳор бомбаи худсохт ҳам мусодира шудааст. Дар иттилоияи ФСБ гуфта мешавад, дар боздошти ин афрод кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамкоронашон аз Тоҷикистону Қирғизистон иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG