Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди Доналд Трамп дар Амрико


Дар баъзе аз аёлатҳои Амрико эътироз алайҳи интихоби Доналд Трамп ба мақоми президенти ин кишвар идома дорад. Шоми ҷумъа ҳазорҳо нафар дар Майами, Филаделфия, Ню Йорк, Сан Франсиско, Лос Анҷелес ва Портленд ба кӯчаҳо рехтанд. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни тазоҳуроти Портленд яке аз эътирозгарон аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштааст. Дар бораи вазъи саломати ин нафар ва сабаби ҳамла маълумот дар даст нест. Дар ин тазоҳурот асосан тарафдорони Ҳизби демократ иштирок доранд, ки номзадаш Ҳилларӣ Клинтон буд ва интихоботи 8 ноябрро ба Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бохт. Онҳо мегӯянд, аз сарнавишти ҳуқуқи шаҳрвандон дар Амрико нигарон ҳастанд, вале ҷонибдорони Трамп мегӯянд, эътирозгарон ба принсипҳои демократия эҳтиром намегузоранд.

XS
SM
MD
LG