Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои латту кӯби ҷавони тоҷик дар Русия таҳқиқ мешавад


Акс аз бойгонӣ. Ҳамлаи чор қавмгаро ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказ. Моҳи майи 2016

Акс аз бойгонӣ. Ҳамлаи чор қавмгаро ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказ. Моҳи майи 2016

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Воронеж як сокини ин минтақаро барои сабти лаҳзаҳои латту кӯби Раҷаб номи муҳоҷири тоҷик ва, ҳамин тавр, гузоштани он дар Интернет ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам кардааст. Сергей Аверин, ноиби раиси шӯъбаи Кумитаи тафтишот дар ноҳияи Левобережнаяи Воронеж, рӯзи 12 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокини 21-солаи ин минтақа барои "барангехтани кинаву адоват ва паст задани манзалати инсон" ва "латту кӯб" ҷавобгар аст. Аверин гуфт, ҳоло тафтишот нисбат ба ин ҷавон идома дорад ва дар ин марҳила мақомот ҳақ надоранд, ки исми ӯро ифшо кунанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар дар Русия садҳо қазияи озору азият ва қатли муҳоҷирони тоҷикро ба хотири миллаташон дар Русия сабт кардаанд.

Ин мақоми Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, таҳқиқот муайян кардааст, сокини 21 солаи Воренеж моҳи июли соли гузашта Раҷаб ном ҷавони тоҷикро, ки исми хонаводагиаш ҳанӯз маълум нест, бераҳмона латту кӯб карда, ин амалашро бо алфози қабеҳ шарҳ додаву ба навор гирифтааст. "Вай наворро дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте ҷой додааст ва ташхиси равоншиносӣ ва лингвистӣ онро барангезандаи адовати қавимиву нажодӣ эътироф кард", - афзуд Сергей Аверин.

Тафтишот мегӯяд, ин ҷавон аз гурӯҳу ҳаракатҳои қавмгароён ҳимоят карда, худ низ назару андешаҳои қавмгароёна доштааст. Айни ҳол, тафтишот телефони мобил ва компютери ӯро мусодира карда, дар рӯзҳои наздик парвандааш равонаи додгоҳ хоҳад шуд.

Салоҳиддин Азизов

Салоҳиддин Азизов

Зарбу лати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксарият ба хотири дарёфти ҷойи кор дар онҷо қарор доранд, солҳост идома дорад ва ба як падидаи фарогире табдил шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар дар Русия мегӯянд, ки садҳо қазияи озору азият ва қатли муҳоҷирони тоҷикро ба хотири миллаташон дар Русия сабт кардаанд. Чанде аз ин қазияҳо дар расонаҳои Тоҷикистон ҳам бозтоби густарда доштанд, ки дар натиҷа боис ба вокуниши Душанбеи расмӣ шуда буд.

Яке аз ин гуна қазияҳои пурсару садо қатли ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 буд, ки як созмони қавмгароёни Русия бо номи БОРН (Боевая организация русских националистов ё Созмони ҷангии миллатгароёни рус) масъулияти онро бар ӯҳда гирифт. Додгоҳи шаҳри Маскав моҳи июли соли 2015 роҳбари ин гурӯҳ Иля Горячевро, ки дар қатли 5 нафари ғайрирус муттаҳам мешуд, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Иля Горячев

Иля Горячев

Баъдан соли 2011 ҷасади гарданбуридаи ҷавони 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфт шуд. Душанбеи расмӣ он замон аз Русия тақиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва пайдо кардану муҷозоти омилони ин кушторро дасрхост карда буд. Дархосте, ки то ба ҳол иҷро нашуда, омилонаш пайдо нагардидаанд.

Влади Антоневич, коргардони исроилӣ, ки 7 сол ҳаракату гурӯҳҳои қавмгароёни Русияро аз дохил омӯхта филми мустанади “Иҷозати муваққат ба қатл” (Кредит на убийство)-ро ба навор гирифтааст, мегӯяд, тӯли ин муддат ин ҳақиқат барояш ошкор шуд, ки ҳаракатҳои миллатгароён дар Русия аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ пуштибонӣ меёбанд ва қатли ғайрирусҳо низ бо ишораи мансабдорони давлатӣ сурат мегирад. Ӯ гуфт, мақомоти интизомии Русия намехоҳанд, ин ҷиноятро то ба охир тафтиш кунанд ва омилони ин кушторҳои ваҳшиёна беҷазо мемонанд.

Влади Антоневич

Влади Антоневич

Антоневичро, ки маҳз як навори дар интернет паҳншудаи қатли тоҷик ва доғистонӣ барои ба навор гирфтани филми мустанад водор крада буд, мегӯяд, дар доираҳои қавмгароён медонанд, ки ин куштор кори дасти кӣ буд, аммо мақомоти қудратӣ ҳамоно гиреҳи ин кушторро боз накардаанд.

Русия ва Қазоқистон аз кишварҳои асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Тиқби омори расмӣ дар Русия то як миллион шаҳрванди кишвар дар муҳоҷиратӣ корӣ қарор доранд.​ Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро беш аз як миллион мегӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG