Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манобеи артиши Ироқ рӯзи ҷумъа аз кушта шудани яке аз фармондеҳони аршади гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Мавсил хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, Маҳмуд Шукрии Наимӣ, ки аз чеҳраҳои аршади шибҳанизомиёни ДИИШ ба шумор мерафт, сешанбеи гузашта дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф дар ғарби Мавсил кушта шудааст. Ин манобеи хабарӣ аз Шукрӣ ба унвони яке аз афсарони зинаҳои болои амниятӣ дар ҳукумати Саддом Ҳусейн ном бурдаанд, ки баъдтар ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ба гузориши CNN, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як навори видеоӣ кушта шудани ин фармондеҳашро таъйид намудааст.

XS
SM
MD
LG