Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доналд Трамп – президенти мунтахаби Амрико – эълон кард, ки ба зудӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, сӯҳбати телефонӣ анҷом хоҳад дод. Трамп дар сӯҳбат бо нашрияи The Wall Street Journal гуфт, аз Путин номаи "олӣ" дарёфт кардааст. Доналд Трамп дар интихоботи президентии 8 ноябр бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз нахустин сарони кишварҳои ҷаҳон буд, ки ӯро табрик гуфт. Путин, ки дар як соли гузашта чанд бор дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трампро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков – сухангӯи Кремлин – рӯзи 11 ноябр дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфт, ҳам Путин ва ҳам Трамп "бисёр прагматик (амалгаро)" ҳастанд. "Онҳо дар айни замон барои рушди муносибатҳо бо кишварҳои дигар изҳори омодагӣ карданд. Ин бисёр хуб аст, тасодуфи бисёр мусбат аст", – таъкид намуд ӯ.

XS
SM
MD
LG