Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду афсари пулис барои ғорати муҳоҷирони тоҷик


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Мақомоти интизомии Қазоқистон ду афсари пулисро ба гумони даст доштан дар ғорати шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт кардаанд. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон замоне ба дасти ғоратгарон афтоданд, ки бо мошинҳои борбар аз Русия ба ватан бармегаштанд. Дар шаҳри Тарози Қазоқистон гурӯҳи шашнафарӣ, ки ду нафари онҳо либоси низомӣ доштааст, муҳоҷирони тоҷикро аз шаҳр берун мебаранд ва наздики 300 ҳазор рубли русии онҳоро ҳамроҳ бо телефонҳои мобилӣ ғорат мекунанд.

Иқтисоди Қазоқистон вобаста ба арзиши нафт аст. Бо тавваҷҷӯҳ ба якбора арзон шудани қимати нафт ва дар ҳолати ногувор қарор гирифтани иқтисоди ин кишвар ҷиноятҳои роҳзаниву дуздӣ авҷ мегирад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тароз дар робита ба ин қазия 3 нафарро боздошт кардааст, ки ду нафарашон корманди Бозрасии давлатии автомабилӣ (ГАИ) будаанд. Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато мегӯяд, ҳодисаи мазкур шаби 2 ноябр рух додааст ва барои дастгир кардани роҳзанон нерӯҳои махсус дастбакор шуд.

Ҷабрдидагон Баҳром Ҷамилов, Лашкархон Пиров ва Нурмуҳаммади Самад зодагони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва Абдурашид Каримов истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе будаанд. Абдусаттор Холмуродов, котиби севуми консулгарии Тоҷикистон дар Алмаато, рӯзи 12 ноябр гуфт, “онҳо зимни сафар роҳгум мезананд ва барои роҳбаладӣ кумак мехоҳанд. Аммо ин афрод онҳоро аз шаҳр берун бурда, ғорат мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик баъд аз ҳодиса дарҳол ба рақами 102 занг зада ва гурӯҳи зудамал дафъатан ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад.”

Хеле мехостем қиссаи ғорат шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз забони худи онҳо бишнавем, аммо замоне ки гузориш таҳия мешуд, онҳо дарроҳ ба сӯи Тоҷикистон қарор доштанд ва мавҷи телефонашон дастнорас буд. То расидан ба марзи Қирғизистон онҳоро кормандони мақомоти интизомӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба дасти роҳзанон афтодани муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дар ҳолест, ки ронанадаҳои тоҷике, ки аз Русия ба Тоҷикистон бор мебаранд танҳо аз ҳамин масир истифода мекунанд. Дар роҳҳои Қазоқистон ғорати ронандагон аз Тоҷикистон ва Узбакистон дар гузашта ҳам дида шудааст. Ва онҳое ҳадаф қарор мегиранд, ки дар даштҳои васеи Қазоқистон роҳгум зада ва ба дасти унсурҳои ҷиноӣ меафтанд.

Масалан, соле пеш ронандаи узбакистонӣ аз шаҳри Намангонро дар роҳ аз Русия ба Қазоқистон се дафъа ғорат кардаанд. Иброҳим Маҳмадалиев, ронандаи борбар дар сӯҳбат бо мақомоти интизомӣ гуфтааст, роҳзанҳо бо таҳдиди силоҳ дар маҷмӯъ дуним ҳазор долларашро рабудаанд.

Насибҷон Амонӣ

Насибҷон Амонӣ

Насибҷон Амонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Қазоқистон, мегӯяд, то чанд соли пеш ҳодисаҳои хеле зиёди ҳамла ва бадрафторӣ нисбат ба ронанадгони тоҷик дар роҳҳои Қазоқистон сабт мешуд. Аз ин хотир бештари муҳоҷирон маъмулан сафар бо ҳавопайморо интихоб мекунанд. “Роҳи Қазоқистон то Тоҷикистон натанҳо дур, балки хатарнок ҳаст. То расидан ба марзи Қирғизистону Узбакистон ҳазор километр роҳ аст. Ин роҳ аз даштҳои нопайдоканор мегузарад, ки эҳтимоли хатарҳоро ба мусофирон бештар мекунад.”

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва на танҳо шаҳрвандони хориҷӣ, балки сокинони худи кишвар низ ҳадаф қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, нозирони милиса имкони назорати минтақаҳои бузургро надоранд ва аз ин рӯ чунин ҳодисаҳо ба вуқуъ мепайванданд ва дар сурати муроҷиати қурбониён баъзе аз ҷинояткорон боздошт мешаванд.

Мирҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Қазоқистон, роҳзании гурӯҳҳои ҷиноятпешаро дар роҳҳои Қазоқистон ба бад шудани вазъи иқтисодӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин поин омадани қурби танга марбут донист. Ӯ гуфт, чунин вазъият ҷиноятҳои марбут ба роҳзаниро, ки дар солҳои 90-ум маъмул буд, дигарбора афзоиш медиҳад. "Иқтисоди Қазоқистон вобаста ба арзиши нафт аст. Бо тавваҷҷӯҳ ба якбора арзон шудани қимати нафт ва дар ҳолати ногувор қарор гирифтани иқтисоди ин кишвар ҷиноятҳои роҳзаниву дуздӣ авҷ мегирад. Яъне, ин ба маънои бозгашт ба солҳои 90-ум аст. Замоне ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, аз сӯи мақомоти пулис пуштибонӣ меёфтанд ва дар роҳҳо ба роҳзанӣ машғул мешуданд", - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли ин таҳлилгар боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба кормандони пулис, ки дар роҳзанӣ даст доранд, барои Қазоқистон ҳодисаи камназир аст. Зеро маъмулан чунин қазияҳо дар зинаҳои поёнӣ ва бо додани ришва ҳал мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG