Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон се куҳкан дар фалокат ҷон бохтанд


Дар кони "Саранск"-и вилояти Қарағандаи Қазоқистон шоми дирӯз бар асари кӯчидани хок 3 куҳкан кушта шудааст. Дар ҳодисаи нохуш ҳамчунин панҷ коргари дигар ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудаанд.

Ин коргарон дар кони ангишт фаъолият мекарданд. Дар ҳоли ҳозир вазъи яке аз маҷруҳон сангин арзёбӣ мешавад.

"Комиссияи махсусе ҳодиса ва сабабҳои сар заданашро меомӯзад ва нашр мекунад", - хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

Яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд, дар кон сангрезӣ рух додааст.

XS
SM
MD
LG