Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбарони "Ҷабҳат-ун-Нусра" низ зери таҳрим афтоданд


Вазорати молияи ИМА нисбати чаҳор роҳбари созмони "Ҷабҳат ун-Нусра"-и Сурия таҳрим эълон кард. Ин созмон дар маркази ихтилофҳои ИМА бо Русия қарор гирифтааст. Русия мегӯяд, Вашингтон ба хотири ҳадафҳояш зидди ин гуруҳ мубориза намебарад.

Аммо қарори охири вазорати молияи ИМА далолат мекунад, ки Амрико "Ҷабҳат ун-Нусра"-ро ҳоло ҳам созмони террористӣ медонад. Таҳримҳои охири ИМА марбут ба фаъолияти низомӣ, роҳҳои таблиғ ва пешгирӣ аз сармоягузории гуруҳ аст.

ИМА ҳамчунин "Ҷабҳаи Фатҳ уш-Шом" - номи дигари "Ҷабҳат ун-Нусра"-ро низ шомили рӯйхати созмонҳои террористӣ кард.

Чаҳор роҳбари "Ҷабҳат ун-Нусра", ки зиддашон таҳрим эълон шуд - Абдулло Муҳаммад ибни Сулаймон ал-Муҳайсинӣ, ки ба ҷалби аъзои нав машуғл аст, Ҷамол Ҳусейн Зайния, масъули амалиёти Сурия ва Лубнон, Абдул Ҷашарӣ, мушовири низомӣ ва ҳамчунин фармондеҳи гуруҳ Ашраф Аҳмад Фарӣ ал-Аллак ҳастанд.

XS
SM
MD
LG