Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа: кишварҳои СПАД гурӯҳҳои махфиро ошкор мекунанд


Кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои ифшо ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои махфии террористӣ дар ҳудуди давлатҳои узв фаъолона амал мекунанд. Ин нуктаро Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД баён доштааст.

"Мақомоти амниятии кишварҳои мо фаъолияти гурӯҳҳои террористиро фош мекунанд. Албатта, шумо аз боздошту ҳабси шаҳрвандоне, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок доштанду баргаштаанд ё мехостанд, дар ҳудуди кишварҳои узв амали террористӣ анҷом диҳанд, хабар доред", - иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони Бордюжа.

Ба қавли дабири кулли СПАД, барои гуфтани он ки фаъолияти ин гуна гуруҳҳои террористӣ пурзӯр шудааст, ҳанӯз барвақт аст. "Кишварҳои узви созмон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои мазкур фаъолонанд", - афзудааст вай.

СПАД бар пояи Созишномаи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992, ки аз сӯи кишварҳои узви ИДМ имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд. Ӯзбекистон аз июни соли 2012 узвияти худро дар ин созмон қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG