Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порошенко ва аъзои тими ӯ дар Испания вилла доранд


Президенти Украина Петр Порошенко

Президенти Украина Петр Порошенко

Раиси ҷуҳмури Украина Петр Порошенко ва аъзои тими ӯ, депутати порлумон Игор Кононенко, ва ноиби Котиби Шӯрои амнияти милӣ ва дифои Украина Олег Гладковский дар Испания виллаҳо доранд.

Ин амволи ғайриманқулро, ки дар декратсияи электронии дороиҳои мақомдорон сабт нашудааст, хабарнигорони барномаи "Схема"- тарҳи муштараки Радио Озодӣ ва шабакаи "UA- Первый" ошкор карданд.

Виллии дуошёнаи раҳбари давлат, бо масоҳати 1254 метри мурабаъ, ҳавзи оббозӣ, ва 26 сотих замин, дар наздикии осоишгоҳи Марбеля ҷойгир шудааст. Ин виллаҳо дар соли 2008 аз ҷониби ширкати Порошенко Feruvita SL ба маблағи 4 миллион евро харидорӣ шудаанд. Он замон Петр Порошенко раҳбари Шӯрои амнияти милӣ ва дифои Украина буд ва ҳамчун ҳамраиси ширкати қаннодии "Рошен" ба рӯйхати 20 украинии сарватманд шомил мешуд.

Бори аввал баҳори соли равон маълум шуд, ки Порошенко дар Испания вилла дорад. Он замон "Украинская правда" аксеро нашр кард, ки дар он Порошенко бидуни муҳофиз дар Испания аз дорӯхонае маҳсулот харид ва баъдан дар паси рули мошини "Порше" нишаст.

Маъмурияти президент дар вокуниш ба пажуҳиши хабарнигорон гуфт, " муассисаҳое, ки Петр Порошенко баҳрабардори ниҳоии онҳо аст, дар хориҷи кишвар корхона хонаву мағоза, анбор, биноҳои маъмурӣ дорад." Ин ҳама ҳамчун моли хусусии шахсони ҳуқуқӣ, тибқи қонун "дар бораи ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ" дар декларатсияи ӯ, сабт шудаанд." Виллаи Порошенко ва шарикони ӯ Кононенко ва Гладковский ба номи ширкатҳои онҳо сабт шудаанд.

Аммо мудири омили "Маркази муқовимат бо фасодкорӣ" Даря Каленюк мегӯяд, тибқи қонунгузории миллӣ, агар коргари давлат ширкат ва он ширкат моли ғайриманқул дошта бошад, инҳо бояд дар декларатсияи мақомдор ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG