Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпоя ва иштирок дар маросими ифтитотоҳи масҷиди ҷомеъ ба Ҷумҳурии Беларус рафт.

Эрдуғон ва шарки беларуси ӯ Александ Лукашенко тиҷорати дуҷониба ва равобити иқтисодиро баррасӣ ва дар бизнес- форуми ҳарду кишвар иштирок карданд.

Эрдуғон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ иштирок мекунад, ки қисман бо сармояи Анкара бунёд шудааст. Масҷиди нав дар ҷойи масҷиди кӯҳна ва таърихии Минск сохта шуд.

Масҷиди қадимиро, ки онро ҷомеаи Липко Тоторҳои Беларус, ё тоторҳои лаҳистониву литвагӣ бунёд карда буданд, коммунистҳои Шӯравӣ дар даврони СССР хароб карданд. Липко Тоторҳо дар ин қаламравҳо, ки он вақт ҳокимияти бузурги Литва ном дошт, дар асрҳои 13-14 маскун шуданд. Ҷамъияти хурди Липко Тоторҳо ҳоло дар Буларус, Лаҳистон ва Литва зиндагӣ мекунанд.

Бахши умдаи ин гурӯҳи қавмӣ ба забони модарии онҳо, забони туркӣ сӯҳбат намекунанд аммо мазҳаби худро ҳифз кардаанд.

XS
SM
MD
LG