Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Олмон ба Трамп гуфт, ки НАТО-ро бизнес напиндорад


Вазири дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен аз президенти мунтахаби Ийолоти Муттаҳида Доналд Трамп даъват кард, ки дар робита ба Русия аз мавқеи шадид кор бигирад. Изҳороти вазир рӯзи 10 ноябр аз тариқи телевезиони ҷамъятию ҳуқуқии ZDF пахш шуд.

"Трамп бояд ба таври возеҳ бигӯяд, ки дар кадом тараф қарор дорад: дар тарафи қонун, назми ҷаҳонӣ ва демократия, ё барои ӯ фарқе надорад ва ӯ дар пайи эҷоди дӯстиҳои мардона мегардад" - гуфт Вазири дифои Олмон. Ӯ ҳамчунин афзӯд, ки дар гуфтугӯҳо бо Путин ишғоли Қрим ва бомбаборони Ҳалаб набояд фаромуш шаванд.

Вазири Олмон ҳамчунин аз Трамп даъват кард, ки ба НАТО ҳамчун ба бизнес бархурд накунад. "Ин ширкат нест. Ин ҳолате нест, ки бигӯӣ: ман парвои гузашта надорам, арзишҳо барои ман аҳамият надоранд, ман мебинам, ки чӣ қадар пул кор мекунам ва аз ин фоида бардошта метавонам ё не. Кишварро ингуна идора намекунанд, ин усули НАТО нест", таъкид кард вазири дифои Олмон.

XS
SM
MD
LG