Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп ваъдаи роҳ надодани мусалмонҳо ба Амрикоро аз саҳифааш бардошт


Пешниҳоди президенти мунтахаби Амрико оиди роҳ надодани мусалмонҳо ба қаламрави ин кишвар, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ садо дод, 8 ноябр, дар рӯзи райъдиҳӣ аз сомонаи Доналд Трамп бардошта ва рӯзи панҷшанбе дубора пайдо шуд. Дар ин бора The Washington Post хабар додааст.

Моҳи декабри соли 2015, баъди тирпарронӣ дар Сан-Бернардино, ки 14 нафарро қурбон кард, Трамп мусалмонҳоро таҳдид ба Амрико хонд ва пешниҳод кард, ки аз вуруди онҳо ба кишвар ҷилавгирӣ шавад. Суханони миллиардер мавҷи интиқодро дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Баъдан тарафдорони Трамп гуфтанд, ӯ на ҳамаи мусалмонҳо, балки тундгароёнеро дар назар дошт, ки мехоҳанд ба Амрико ворид шаванд.

Рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр Доналд Трамп аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ дар мақоми раиси ҷумҳур хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар навбати аввал молиётро поён мебарад, ислоҳоти соҳаи тибро, ки Обама пеш мебурд, лағв мекунад ва ба масоили муҳоҷират машғул мешавад.

XS
SM
MD
LG