Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати саҳҳом дар Уолл-стрит ба сатҳи рекордӣ расид


Қиммати саҳҳом дар бозори бурси Ню Йорк рӯзи панҷшанбе ба сатҳи рекордӣ баланд шуд. Шохиси Dow Jones, ки си ширкати бузурги Амрикоро фаро мегирад, беш аз 1 дар сад боло рафт ва ба 18,807 расид.

Қимматгузорӣ дар савдои рӯзи чаҳоршанбе, як рӯз баъд аз пирӯзии Доналд Трамп ба сифати раиси ҷумҳумури Амрико, рӯ ба афзоиш овард. Гуфта мешавад, ки бозор бо ин шева эътимоди худро ба Доналд Трамп намоиш дод.

Саҳмияҳои ширкатҳои текноложиҳои нав, мисли Facebook, Netflix ва Amazon хеле коҳиш ёфтанд ва эҳтимолан ин таъсири изҳороти президенти мунтахаб аст, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ соҳаи текноложиҳои пешрафта ва тиҷорати озоди ҷаҳониро танқид кардааст.

Президенти мунтахаб қавл дода буд, ки молиётро коҳиш ва кӯмакҳоро ба соҳаи дифоъ афзоиш медиҳад. Ӯ ҳамчунин ба замонавӣ кардани зербинои нақлиётӣ таъкид карда буд. Чунин сиёсат сармоягузоронро дар робати ба сатҳи таваррум нигарон мекунад. Дар посух қиммати баҳра аз қоғазҳои қимматбаҳои 10 сола ва 30 солаи воми давлатӣ баланд бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG