Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афви беш аз 1,2 ҳазор зиндонӣ дар Қирғизистон


1277 зиндонӣ бар асоси ду авф, ки ба муносибати 25-солагии истиқлоли ин кишвар ва 100-солагии шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916 эълон гардид, озод шудаанд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд.

Авф ба зиндониёне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, тарбиявӣ ва муассисаҳои тафтишотӣ нигаҳ дошта мешуданд, дахл дорад. Ба ҷуз ин афрод, чанд шаҳрванди дигар, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ва ё боздоштгоҳ фирор карда буданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд. Муҳлати зиндони беш аз 1100 маҳбуси дигар кам шудааст.

XS
SM
MD
LG