Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: "Дидгоҳҳои Путин ва Трамп дар сиёсати хориҷӣ наздиканд"


Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, ки дидгоҳҳои Владимир Путин ва раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп "ба таври шигифтангез" ба якдигар наздик аст. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки робитаҳои Русия ва Амрико беҳбуд ёбад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Дмитрий Песков рӯзи 10 ноябр дар Ню-Йорк гуфтааст, ки аз назари ӯ, дидгоҳ ва идеяҳои ду тараф дар сиёсати хориҷӣ шабоҳатҳои зиёде дорад ва ин метавонад "бинои мустаҳкаме" барои оғози "гуфтугӯҳои маънодор" байни Русия ва Амрико бошад. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, "ҳар ду (Путин ва Трамп) манфиати миллии кишвари худро дар авлавият қарор медиҳанд, вале омодаанд робитаҳои худро бо дигар кишварҳо тавсеа диҳанд. Бар ин асос, ки кишварҳои дигар то чӣ ҳад омодагии чунин кореро доранд."

Доналд Трамп дар интихоботи президентии рӯзи 9 ноябр бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз нахустин сарони кишварҳои ҷаҳон буд, ки ӯро табрик гуфт. Владимир Путин, ки дар як соли гузашта чанд бор дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трамро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, ки аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG