Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирзиёев дар ҷанозаи шоири узбак Абдулло Орипов ширкат кард


Қаҳрамон ва муаллифи суруди миллии Узбакистон, шоир Абдулло Орипов, ки 5 ноябр дар синни 75-солагӣ дар ИМА даргузашт, дар қабристони Тошканд ба хок супурда шуд. Ҷасади Орипов 8 ноябр бо ҳавопаймо аз ИМА ба Москва ва аз он ҷо ба Тошканд интиқол ёфт. Дар маросими ҷанозаи шоир иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва аксари мансабдорони болоии ҳукумати ин кишвар ширкат кардаанд. Дар баробари мансабдорон, садҳо нафари дигар дар ҷанозаи Абдулло Орипов иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG