Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА таҳримҳои зидди Москваро бекор намекунад


Марк Тонер
Марк Тонер

ИМА ният надорад, тарҳримҳоеро, ки зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия баъди ғасби Қрим ҷорӣ шуд, бекор кунад, дар ин бора сухангӯи департаменти давлатии ИМА Марк Тонер хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, таҳримҳо то ба ихтиёри Украина баргардонидани Қрим нигаҳ дошта мешаванд. Таҳримҳое, ки барои низои шарқи Украина ҷорӣ шудаанд, ба гуфтаи Тонер, "то комилан амалӣ шудани созишномаи Минск" боқӣ мемонанд.

Таҳримҳои эълоншуда ба иқтисоди Русия таъсири мушаххас расонида, Москва ин паёмро гирифтааст, ки қадамҳои вай метавонанд, оқибатҳои ногувор дошта бошанд, мегӯяд намояндаи ИМА.

Тонер эътироф кардааст, таҳримҳо монеъ нашудаанд, ки артиши Русия ба умқи Украина пешравӣ накунад. Аммо бо ин вуҷуд, Русия талош дорад, ки вазъи шарқи Украинаро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG