Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев Доналд Трампро ба Қазоқистон даъват кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Доналд Трампро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии ИМА табрик гуфт.

"Ман бовар дорам, ки ИМА зери роҳбарии шумо дар масъалаҳои субот, амният ва сулҳ дар саросари ҷаҳон такягоҳ боқӣ мемонад", - омадааст дар табрикномаи Назарбоев.

Назарбоев гуфтааст, узвияти ғайридоимии Қазоқистон дар Шӯрои Амнияти СММ дар солҳои 2017-2018 дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба давраи муҳиме хоҳад буд.

"Мо омодаем, саҳми худро дар фаъолияти Шӯро бигзорем ва бо ИМА дар ҳамаи самтҳо муносибати хуб ба роҳ монем", - гуфтааст Назарбоев.

Дар интихоботи 8 ноябр Доналд Трамп бар рақибаш аз ҳизби демократии ИМА Ҳиллари Клинтон пирӯз шуда, ба ин тартиб президенти Амрико эълон гардид.

XS
SM
MD
LG