Пайвандҳои дастрасӣ

Бозорҳои бурс баъди пирӯзии Трамп ба худ меоянд


Бозорҳои ҷаҳонӣ баъди такони дирӯза аз ғалабаи ногаҳонии Доналд Трамп ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико акнун ба худ меоянд. Бозорҳои саҳҳом ва доллари амрикоӣ баъди эълони пирӯзии Трамп шадидан поён рафтанд, аммо дар давоми рӯзи 9 ноябр, баъд аз он, ки сармоягузорон ин хабарро ҳазм карданд, бозорҳо тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Тамоюли бозгашти субот ба бозҳорҳои ҷаҳонӣ рӯзи 10 ноябр бо боло рафтани қурби доллари амрикои ва қиммати нафти хом ҳам идома кард.

Бисёр бозорҳои Осиё баъди суханронии оштиҷӯёнаи Доналд Трамп, рӯзи гузашта каме ором шуданд ва рӯ ба афзоиш оварданд. Суханронии оштиҷӯёнаи Доналд Трамп, ки рӯзи гузашта ироа шуд, нигарониҳоро дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш дод.

Трамп алайҳи созишҳои тиҷорати озод, мисли созиши НАФТА ва шарокати ҳафзаи Уқёнуси Ором, ки чанде пеш имзо шуд маърака ороста пешниҳод дорад, ки аз кишварҳое мисли Чин ва Мексика, барои содирот молиёт ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин таҳдид карда буд, ки агар президент шавад, барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марз бо Мексико девор бунёд мекунад ва ин кишварро маҷубр мекунад, ки пули деворро пардозад.

XS
SM
MD
LG