Пайвандҳои дастрасӣ

Афви байналмилалӣ: Артиши Ироқ мулкиҳоро шиканҷа ва қатл кардааст


Созмони ҳуқуқи башари Афви байналмилал мегӯяд, шаҳодатеро ҷамъ овардааст, ки нерӯҳои давлатии Ироқ сокинони рустоҳоро дар атрофи Мавсил шиканҷа ва қатл кардаанд.

Ба гуфтаи ин созмон, авохири моҳи октябр ҳудудан шаш сокини якчанд деҳкадаи ҷануби Мавсил бо иттиҳоми робита бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" эъдом шудаанд.

Нерӯҳои Ироқ бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Иёолоти Муттаҳида ва шибҳанизомиёни пешмаргаи курд амалиёти бозпас гирифтани Мавсилро аз гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" пеш мегиранд.

"Нафароне дар либоси пулиси федеролӣ як сисила қатлҳои ғайриқонунӣ анҷом доданд, онҳо мардумро боздошт ва хунсардона куштанд", - гуфтааст ноиби раҳбари минтақавии Афви байналмилалӣ дар умури пажӯҳишҳо дар Бейрут Лиин Лаълуф. Вай гуфт, ки "дар баъзе мавридҳо, сокинон қабл аз эъдом шиканҷа шудаанд".

Ин созмон аз ҳукумати Ироқ даъват кардааст, ки қазияи қатлҳоро таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG