Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз боздошти гурӯҳи "харобкор"-и украинӣ хабар дод


Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти боз як "гурӯҳи харобкор"-и вазорати дифои Украина дар Қрим хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, нақшаҳои харобкорӣ дар муассисаҳои низомии Қрими ишғолшударо омода мекард. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар додааст.

Намояндаи хадамот гутфааст, ки аз боздоштшудаҳо дар Севастопол дастгоҳҳои инфиҷорӣ бо нерӯи бузург, силоҳу тир, васоили хоси иртиботӣ, харита ва нақшаи харобкориҳо мусодира шуд.

"Ҳеҷ харобкори украинӣ дар Қрим вуҷуд надорад ва ФСБ мисли ҳамеша мехоҳад ҳамаро гумроҳ кунад", - гуфт Андрей Лысенко, намояндаи Вазорати дифои Украина.

Моҳи августи соли равон Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздоши як "гурӯҳи харобкори украинӣ" гузориш дод, ки гӯё мехост дар Қрим амалҳои террористӣ анҷом диҳад. Президенти Русия Владимир Путин Киевро ба гузаштан ба террор муттаҳам кард ва таҳдид кард, ки аз амалҳои ҷавобӣ кор мегирад. Мақомоти Украина иттиҳомро рад ва онро тавтеаи ҷониби Русия унвон карданд. Дар заминаи ин қазия ду шаҳрванди Украина боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG