Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп рӯзи 10 ноябр бори аввал баъди пирӯзияш дар интихоботи президентии рӯзи сешанбе бо даъвати президент Обама ба Кохи Сафед меравад.

Чанд соат баъди эълони натоиҷи интихобот ва пирӯзии Трамп, президент Обама сарфи назар аз "фарқиятҳои чашмгир" гузариши ҳамвори қудратро ба соҳиби нави Кохи Сафед ваъда кард.

Обама ҳамчунин ба ҷонибдорони худу Ҳиллари Клинтон, ки ба муқобили Доналд Трамп раъй дода то ҳол пирӯзии ӯро напазируфтаанд ва издиҳоми бузурги онҳо ба кӯчаҳо баромадаанд, муроҷиат кард. "Мо дар асл ҳама узви як тим ҳастем", - гуфт Обама ва афзуд, "мо дар қадами аввал на демократ ё ҷумҳурихоҳ, балки шаҳрвандони Амрико ҳастем, мо дар навбати аввал ватанпараст ҳастем."

Доналд Трамп рӯзи 20 январ савганди президентӣ ёд мекунад ва зимоми қудратро аз Обама мегирад, ки даври дуюми чаҳорсолаи раёсатро дар мақоми президенти Амрико ба поён меорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG