Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркия Айдин Сефа Акай, шаҳрванди ин кишвар ва узви додгоҳи байналмилалии СММ-ро боздошт карданд. Теодор Мерон, намояндаи додгоҳи СММ рӯзи чаҳоршанбе дар Маҷмаи умумӣ аз ҳукумати Туркия хостааст, ки Акайро фавран озод ва парвандаи ҷиноияшро қатъ кунад. Вай боздошти Айдин Сефа Акайро нақзи дахлнопазирии дипломатии аъзои додгоҳи байналмилалӣ хонд. Ин узви додгоҳи байналмилалии СММ 21 сентябри соли равон бо гумони даст доштан дар кӯшиши табаддулоти 15 июли Туркия ба ҳабс гирифта шудааст. Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага феълан парвандаи марбут ба ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Югославияи пешин ва Руандаро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG