Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон ҳукумати нав ба кор шурӯъ кард


Порлумони Қирғизистон барнома, сохтор ва ҳайати ҳукумати нави ин кишварро тасдиқ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон дар ин бора 9 ноябр қарор қабул карданд. Сарвазири нав Сооронбой Жээнбеков аз вакилон сипосгузорӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳукумат шаффоф ва содиқона кор хоҳад кард. Ҳамаи пешниҳод ва машваратҳои вакилон ба назар гирифта мешаванд. Дар ҳайати девони вазирон сарвазир, ноиб-аввали сарвазир, 3 муовини сарвазир ва 12 вазир шомил мешаванд. Чанде пеш эътилофи порлумонӣ дар Қирғизистон фурӯ пошид ва ҳукумат дар он кишвар ба истеъфо рафт.

XS
SM
MD
LG