Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон гуфт, омодааст бо Трамп ҳамкорӣ кунад


Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ ба мақоми президентии ИМА аз шикасташ дар интихобот таассуф хӯрда, вале гуфтааст, ки омодааст, ба хотири манофеи кишвараш бо Доналд Трамп, намояндаи ҷумҳурихоҳон ва президенти нави Амрико, ҳамкорӣ кунад. Вай зикр кардааст, ки мусоидат ба "бунёди Амрикои беҳтару қавитар ва боадолат қарзи шаҳрвандияш аст".

Ҳилларӣ зимни суханрониаш дар Ню-Йорк изҳор доштааст, ки ихтилофи назар дар кишвараш аз оне, ки пешбинӣ мекард, амиқтар будааст. Номзади Ҳизби демократ ба ҷонибдоронаш барои ҳимоят дар маъракаи интихоботӣ миннатдорӣ баён кард. "Ман ба Амрико бовар дорам ва хоҳам дошт", - афзудааст Клинтон.

XS
SM
MD
LG