Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо нафар дар Амрико алайҳи Доналд Трамп эътироз карданд


Дар соҳилҳои ғарбӣ ва шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътирозҳо бар зидди Доналд Трамп, ки дар интихоботи президентии рӯзи 8 ноябр пирӯз шудааст, ҷараён доранд.

Ба гуфтаи хабаргузории Associated Press аз Пенсилвания гирифта то Калифорния, Орегона ва Вашингтон садҳо нафар ба кӯчаҳо баромадаанд.

Биноба маълумоти пулис, на камтар аз 500 нафар дар назди донишгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес ҷамъ омада алайҳи Трамп шиорпартоӣ карданд. Ҳамин тавр тазоҳуроти нисбатан хурдтар дар Беркли, Ирвайне, Девис ва Сан-Хосе баргузор шуданд.

Қаблан гуфта шуд, ки дар Окленд беш аз 100 эътирозгар сурати Доналд Трампро ба оташ кашиданд ва тирезаҳои нашрияи "Oakland Tribune"-ро шикастанд. Онҳо ҳамчунин сатилҳои ахлотпартоӣ ва чархҳои мошинро оташ заданд. Дар ин тазоҳурот якчанд нафар захм бардоштааст.

Дар шаҳри Портланди аёлати Орегона тазоҳургарон роҳи ҳаракати нақлиёт ба маркази шаҳрро масдуд карда ҳаракати қаторҳоро ба таъхир андохтанд. Онҳо бо оташ задани парчами Амрико шиор медоданд, ки "Ин президенти ман нест!"

Бетартибиҳо Сиэтлро низ канор нагузоштанд. Садҳо донишҷӯи донишгоҳи Питсбург раҳпаймоии эътирозӣ баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG