Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди ба рӯзноманигори қирғиз баъди саркашӣ аз пардохти зарари маънавӣ


Даюр Орунбеков

Даюр Орунбеков

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвандаи рӯзноманигор Дайирбек Орунбековро баррасӣ мекунад. Вай дар саркашӣ аз иҷрои ҳукми додгоҳ, ки мебоист ба президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев 2 миллион сом (муодили 200 ҳазор сомонӣ) ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ пардохт мекард, айбдор мешавад.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, айбдоркунандаи давлатӣ эҳтимол аз додгоҳ барои Орунбеков 2 соли зиндон талаб кунад.

Орунбеков мебоист ба президент ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 2 миллион сом пардохт мекард. Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бишкек 29 июни соли гузашта чунин қарор содир карда буд.

Додситони кулли Қирғизистон аз болои ин рӯзноманигор ба додгоҳ шикоят бурда буд. Дар даъвои додситон омадааст, ки рӯзноманигор дар яке аз матлабҳояш Алмосбек Отамбоев ва дигар аъзои ҳукумати муваққатиро бо он айбдор кардааст, фаъолияти ин ҳукумат боиси сар задани ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 гаштааст.

Ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ нисбати Дайирбек Орунбеков бо айби иҷро накардани ҳукми додгоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

XS
SM
MD
LG