Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти изтирории ҳавопаймои президенти Туркманистон


Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, 31 октябр дар фазои уқёнуси Ором бо иштироки "Боинг 777"-и ширкати Туркманистон таҳти рақами EZ-A777, ки ба президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов хизмат мерасонд, садамаи ҳавопаймоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин "боинг" қаблан аз Атлантаи ИМА бидуни мусофир ба Ишқобод баргашта, аз 5 сентябри соли равон инҷониб дар таъмир буд. Сарнишинон ҳангоми парвоз дар фазои уқёнуси Ором, тақрибан дар баландии 1000 км камшавии якбораи сатҳи равғанро дар яке аз муҳаррикҳо мушоҳида карда, бо тағйири самти ҳаракат баъди 70 дақиқа дар фурудгоҳи байналмилалии Рейкявик нишасти изтирорӣ анҷом додаанд.

Баъди рафъи нуқсон EZ-A777 ба Ишқобод баргашта, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Сочӣ барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин бо ҳавопаймои эҳтиётӣ сафар кардааст.

Дар ҳоли ҳозир нуқси техникии EZ-A777 бартараф шуда, Бердимуҳаммадов 7 ноябр маҳз бо он барои анҷоми сафари расмии дурӯза ба Молайзия рафтааст.

XS
SM
MD
LG