Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина қатъномаи риояи ҳуқуқи инсонро ба СММ пешниҳод кард


Украина қатъномаи риояи ҳуқуқи инсон дар Қримро ба СММ пешниҳод ва аз Русия даъват кардааст, то барои вуруди нозирони байналмилалӣ ба ҳудуди нимҷазира иҷоза диҳад. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст.

Ҳаммуаллифони санади мазкур 38 кишвар, аз ҷумла ИМА, Бритониё ва Фаронса ба ҳисоб мераванд.

Дар ин қатънома поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қрим, аз ҷумла тоторҳои нимҷазира ва украиниҳо маҳкум шудааст. Ба ҷуз ин, аз Русия даъват кардаанд, то қарор дар бораи созмони террористӣ эълон кардани Шӯрои тоторҳои Қримро фавран бекор кунад.

Ҳамчунин талаб шудааст, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷозат диҳад, то барои таҳияи гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Қрим ба ҳудуди нимҷазира дохил шаванд.

Владимир Елченко, намояндаи доимии Украина дар СММ зимни суханрониаш дар ҷаласа гуфтааст, ки "2,5 миллион сокини Қрим аз режими худкома ҷабр мебинанд ва аз ҳаққи ҳимояи ҳуқуқҳои худ маҳруманд". Евгений Загайнов, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ қатъномаи ироашударо якҷониба хонда, гуфтааст, ки Украина бо мақсади фишор ба Москва маъракаи иттилоотиро зидди Русия пурзӯр кардааст.

Русия моҳи марти соли 2014, дақиқтараш баъди раъйпурсии баргузорнамудаи мақомоти русгарои Қрим нимҷазираро ғасб кард. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ натоиҷи ин раъйгириро қабул надоранд. Дар ҳамин ҳол, вазирони молияи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавриди эълони таҳримҳои нав зидди Русия ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG