Пайвандҳои дастрасӣ

Бо оғоз шудани вокунишҳо ва паёмҳо ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ӯро табрик гуфт. Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", Қасри Кремл бо судури як баёния эълон кард, ки Владимир Путин бо ирсоли барқия пирӯзии Доналд Трампро табрик гуфта ва ибрози умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои Русия ва Амрико беҳбуд ёбад ва ду кишвар битавонанд барои муқобила бо чолишҳои кунунии ҷаҳон роҳи ҳалли муассир пайдо кунанд. Раиси ҷумҳури Русия изҳори итминон кардааст, ки барқарории гуфтугӯҳо миёни Маскав ва Вошингтон ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Владимир Путин, ки дар як соли гузашта чанд дахолаташ дар интихоботи Амрикоро рад карда буд, дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, Доналд Трамро марди "ҷолиб" гуфта буд. Доналд Трамп ҳам дар раванди маъракаҳои интихоботиаш аз Путин ситоиш намуда ва ваъда дода буд, ки аз ҷумла барои мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар Брюссел раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ гуфт, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамкориҳои худ идома хоҳанд дод. Вай гуфтааст, ки равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико амиқтар аз ҳаргуна тағйирот дар сиёсатҳо мебошад.

Мақомоти дигари Иттиҳодияи Аврупо ва дипломатҳо низ ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳояшон бо маъмурияти Трамп таъкид кардаанд. Дабири кулли созмони НАТО Ҷенс Столтерберг гуфтааст, ки "Раҳбарии Амрико чун ҳамеша хеле муҳим аст... НАТО-и нерӯманд ҳам барои Амрико ва барои Иттиҳодияи Аврупо хуб аст."

Вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, ки кишвараш ҳамонон шарики Амрико боқӣ мемонад ва афзуд, ки Порис муроқибат мекунад, ки сиёсатҳои нави Доналд Трамп чӣ хоҳад буд.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор шуд ва Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо дарёфти 276 раъй президенти 45-уми Амрико эълон шуд. Рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ 58 овоз камтар ба даст овард ва ба қавли Трамп аз аввалин нафаре буд, ки тамос гирифта ва пирӯзиашро эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG