Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаллифи гимни Узбакистонро дар Чағатай дафн мекунанд


Абдуллоҳ Орифов.

Абдуллоҳ Орифов.

Ҷасади Абдулло Орифов, қаҳрамон, шоири мардумӣ ва муаллифи суруди миллии Узбакистонро, ки 5 ноябр дар беморхонаи Ҳюстони аёлати Техаси Амрико даргузашт, ба ватанаш меоранд. Ба гуфтаи рӯзноманигор аз Тошканд Абдураҳмон Ташанов, ҷасади шоир нахуст аз Ню Йорк ба Маскав ва баъдан тавассути ҳавопаймои махсус, ки аз сӯи ҳукумати Узбакистон фиристода шудааст, ба Тошканд интиқол дода мешавад.

"Бештари манбаъҳо тасдиқ карданд, ки барои дафни Абдулло Орифов бо раҳбарии Адҳам Икромов, муовини сарвазири Узбакистон комиссияи махсус ташкил шудааст. Қарор аст, ин маросим 9 ноябр баргузор ва шоир дар қабристони Чағатай ба хок супорида шавад", - афзудааст Ташанов.

Тайи солҳои ахир вазъи саломатии Абдулло Орифов бад шуда, ду моҳи охир дар беморхонаи Ҳюстон бистарӣ буд.

XS
SM
MD
LG