Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Трамп бозорҳоро ба ларза овард


Бозори бурси Ню Йорк
Бозори бурси Ню Йорк

Аз Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳо пешсафиро гирифтани Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, сабаби башиддат поин омадани қимати саҳҳом ва арзиши доллар дар бозорҳои молӣ шуд. Қимати саҳҳом дар бозори бурси Токио рӯзи 9 ноябр 5 дар сад поин омад ва арзиши авроқи гаронбаҳо бар бозорҳои Ҳонк Конг ва Сеул аз 3.3 то 2.3 фоиз камтар шуд.

Шохисҳои Вол Стрит ҳам 3 дар сад поин рафт ва аломати он аст, ки дар бозорҳои саҳҳом дар Ню Йорк ҳам қиматҳо поин мераванд. Арзиши доллар дар баробари йени Ҷопон ва евро ҳам то 1.3 дар сад коҳиш ёфт.

Пешсафии Трамп ба қимати нафт ҳам бетаъсир намонд ва қимати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ 4 дар сад поин омад ва барои ҳар бушка 43 доллару 17 сентро ташкил дод. Бо назардошти ваъдаи Доналд Трамп, ки гуфта буд, байни Амрикову Мексика "девори зебое" месозад, қимати песо, пули мексикоӣ ба таври рекордӣ дар баробари доллар поин омад. Дар бозорҳои ҷаҳонӣ аксарият интизор доштанд, ки Ҳилларӣ Клинтон номзади демократҳо дар интихобот пирӯз шуда ва сиёсатҳои Барак Обамаро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG