Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт сабқати Тоҷикистону Туркманистон. Ин бор кӣ пирӯз мешавад?


Имрӯз, 9-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:00 оғоз меёбад.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар муддати 24 сол ҳамагӣ ҳафт бор бо ҳам рақобат кардаанд. Се бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман анҷом ёфтааст. Дар ду бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Аввалин бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Туркманистону Тоҷикистон дар мусобиқа барои Ҷоми Осиёи Марказӣ 11-уми июли соли 1992 дар Ишқобод бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфта буд.

Бозии охирини ин дастаҳо дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) 24-уми феврали соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка бо пирӯзии мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расида буд.

Навори нишасти хабарии сармураббиҳои ҳар ду даста:

Сармураббиҳои Тоҷикистону Туркманистон: "Ба бозӣ омодаем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон

Ҷоми Осиёи Марказӣ

Туркманистон – Тоҷикистон – 3:3

11 июли соли 1992, Ишқобод.

Бозии дӯстона

Туркманистон – Тоҷикистон – 6:0

2 июни соли 1993, Ишқобод.

Мусобиқаи байналмилалӣ

Тоҷикистон – Туркманистон – 0:2

19 апрели соли 1994, Тошканд.

Ҷоми ҷаҳон-1998. Мусобиқаи интихобӣ

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:2

25 майи соли 1997, Ишқобод.

Ҷоми ҷаҳон-1998. Мусобиқаи интихобӣ

Тоҷикистон – Туркманистон – 5:0

22 июни соли 1997, Душанбе.

Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ

Тоҷикистон – Туркманистон – 0:0

30 июли соли 2008, Ҳайдаробод, Ҳиндустон.

Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ

Тоҷикистон – Туркманистон – 0:2

24 феврали соли 2010, Коломбо, Шри-Ланка.

XS
SM
MD
LG