Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликс, мегӯяд, ҳадаф аз нашри ҳазорон имейли вобаста ба Ҳилларӣ Клинтон, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, таъсир гузоштан ба ҷараёни интихобот набуд. Ҷулиан Ассанж бо нашри баёнияи расмӣ дар рӯзи 8-уми ноябр гуфт, “Моҳҳои гузашта, Викиликс ва хусусан ман зери фишори фавқуллода қарор гирифтем, ончиро, ки ситоди интихоботии Клинтон худаш дар бораи худаш мегӯяд, нашр накунем. Ин хостаи ман барои таъсир гузоштан ба натиҷаҳои интихобот, набуд.” Викиликс ҳазорон имейлеро нашр кард, ки аз компютери Ҷон Подеста, мудири маъракаи таблиғотии Ҳилларӣ Клинтон дуздидаанд. Худи Ассанж аз кӣ гирифтани номаҳои электрониро ошкор накардааст. Аммо мутахассисони амрикоӣ мегӯянд, ки рахнагарони интернетӣ аз Русия эҳтимолан дар дуздидани имейлҳо даст доранд. Худаш ин гуфтаҳоро рад кардаас. Ҷулиан Ассанж гуфтааст, ки барои он иттилои хусусии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳонро нашр накард, ки иттиллои маҳрамонае дар бораи ӯ ба даст наёвардааст.

XS
SM
MD
LG